- лавҳа
- [لوحه]а1. тахтача ё коғази сахте, ки дар он ном ва вазифаи шахсе, унвони ягон идора, тартиби кори шахсе ё идорае навишта, бар сари дар ё пештоқи бино овехта мешавад, овезаҳои пушти дар, овеза; лавҳаи эълонҳо тахтаи паҳну васее, ки дар он эълон, хабарҳои расмӣ ва ғ. навишта мечаспонанд: лавҳаи дӯкони қаннодӣ, лавҳаи мағоза; лавҳаи ёдгорӣ тахтае, ки дар он номе ё маълумотеро навишта, барои дар ёди омма нигоҳ доштан дар ҷои намоёни биное ё ба сари кӯчае мегузоранд; лавҳаи фахрӣ тахтаи паҳни калоне, ки дар он расм ё номи шахсоне, ки дигарон бо онҳо фахр карда метавонанд, часпонда ё навишта шудааст2. манзара, намуд, лавҳ3. рамз, сурат, мусаввара4. адш. тасвири хурди бадеии манзарае аз ҳаёт ё ягон хислати шахс; лавҳаи бадеӣ саҳна, порча ё ҷузъиёте аз ягон асари бадеӣ, ки як навъ мустақилият дорад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.